Скрыть
1:5
1:9
1:24
1:28
1:30
1:32
1:33
1:36
Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ Исроил аз Парвардигор пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал баромада, бо онҳо ҷанг кунад?»
Ва Парвардигор гуфт: «Бигзор банӣ Яҳудо бароянд; инак, ин заминро ба дасти онҳо таслим кардаам».
Ва банӣ Яҳудо ба бародаронашон банӣ Шимъӯн гуфтанд: «Бо мо дар он чи насибаи мост, бароед, ва мо бо канъониён ҷанг кунем. Мо низ бо шумо дар он чи насибаи шумост, хоҳем рафт». Ва банӣ Шимъӯн бо онҳо рафтанд.
Вақте ки банӣ Яҳудо баромаданд, Парвардигор канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.
Ва Адӯнӣ-Бозақро дар Бозақ ёфта, бо ӯ ҷанг карданд; ва ба канъониён ва фариззиён шикаст расониданд.
Ва Адӯнӣ-Бозақ рӯй ба гурез овард, вале ӯро таъқиб намуда, дастгир карданд ва сарангуштҳои дастҳо ва пойҳояшро буриданд.
Ва Адӯнӣ-Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба ман подош додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.
Ва банӣ Яҳудо бар зидди Ерусалим ҷанг карда, онро гирифтанд, ва онро аз дами шамшер гузарониданд; ва шаҳрро оташ зада сӯзониданд.
Ва баъд аз он банӣ Яҳудо фуруд омаданд, то ки бо канъониён, ки дар кӯҳсор ва дар ҷануб ва дар пастхамӣ сокин буданд, ҷанг кунанд.
Ва банӣ Яҳудо ба муқобили канъониёне ки дар Ҳебрӯн сокин буданд, баромаданд; ва номи Ҳебрӯн пештар Қирят-Арбаъ буд; ва ба Шешай ва Аҳиман ва Талмой шикаст расониданд.
Ва аз он ҷо онҳо ба муқобили сокинони Дабир равона шуданд; ва номи Дабир пештар Қирят-Сефер буд.
Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирят-Сефер шикаст расонад ва онро бигарад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
Ва Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб, онро гирифт; ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
Ва чун духтар назди вай омад, вай ӯро моил намуд, ки аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фуруд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»
Ва ӯ ба падараш гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.
Ва банӣ Қенӣ, хешовандони падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор Нахлистон бо банӣ Яҳудо баромада, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм сокин шуданд.
Ва банӣ Яҳудо бо бародаронашон банӣ Шимъӯн равона шуданд, ва онҳо ба канониёне ки дар Сефат сокин буданд, шикаст расониданд; ва онро валангор карда, номи ин шаҳрро Ҳормо хонданд.
Ва банӣ Яҳудо Ғаззаро бо ҳудуди ноҳияҳои он, ва Ашқалӯнро бо ҳудуди он, ва Эқрӯнро бо ҳудуди он гирифтанд.
Ва Парвардигор бо банӣ Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро соҳибӣ намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд.
Ва Ҳебрӯнро ба Колеб доданд, чунон ки Мусо гуфта буд; ва ӯ аз он ҷо се писари Аноқро бадар ронд.
Вале ябусиёнро, ки дар Ерусалим сокин буданд, банӣ Бинёмин натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён то имрӯз бо банӣ Бинёмин дар Ерусалим сокин ҳастанд.
Ва хонадони Юсуф низ сӯи Байт-Ил баромаданд, ва Парвардигор бо онҳо буд.
Ва хонадони Юсуф дар Байт-Ил ҷосусӣ карданд; ва номи ин шаҳр пештар Луз буд.
Ва посбонон мардеро, ки аз шаҳр берун омада буд, дида, ба ӯ гуфтанд: «Даромадгоҳи шаҳрро ба мо нишон деҳ, ва мо ба ту меҳрубонӣ хоҳем кард».
Ва ӯ даромадгоҳи шаҳрро ба онҳо нишон дод, ва онҳо аҳли шаҳрро аз дами шамшер гузарониданд; ва он мардро бо тамоми хонаводааш раҳо карданд.
Ва он мард ба замини ҳиттиён рафт, ва шаҳре бино намуда, онро Луз номид; то имрӯз номи он ҳамин аст.
Ва банӣ Менашше аҳли Байт-Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.
Ва чун Исроил қувват гирифт, канъониёнро хироҷгузори худ гардонид, вале натавонист онҳоро бадар ронад.
Ва банӣ Эфроим канъониёнро, ки дар Ҷозар сокин буданд, натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо дар Ҷозар сокин буданд.
Банӣ Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сокин буданд, ва хироҷгузор буданд.
Бани-Ошер сокинони Акку ва сокинони Сидӯн ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.
Ва ошериён дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, зиндагӣ истиқомат доштанд, зеро ки онҳоро натавонистанд бадар ронанд.
Банӣ Нафтолӣ сокинони Байт-Шемеш ва сокинони Байт –Анотро натавонистанд бадар ронанд, ва дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, истиқомат доштанд; ва сокинони Байт-Шемеш ва Байт-Анот хироҷгузори онҳо буданд.
Ва амӯриён банӣ Донро дар кӯҳсор фишор доданд, зеро онҳоро нагузоштанд, ки ба водӣ фуруд оянд.
Ва амӯриён азм карданд, ки дар кӯҳи Ҳорас, дар Аёлӯн ва Шаалбим сокин бошанд; вале дасти хонадони Юсуф бар онҳо гарон омад, ва хироҷгузор гардиданд.
Ва ҳудуди амӯриён аз баландии Ақрабим, аз қуллаи он болотар буд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible